LIVE

Мубин Эргашев-иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими миллӣ

Мубин Эргашев  муваққатан  сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон интихоб шуд. Яккачини кишварро дар бозии дӯстона бо тими миллии Қазоқистон, ки  16 ноябр баргузор мегардад,  сармураббии мунтахаби олимпии кишвар роҳбарӣ хоҳад кард. Тими миллии Тоҷикистон  U23 ахиран таҳти роҳбарии Эргашев соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, соҳиб гардид. Ба Эргашев собиқ бозигарони тими миллӣ - Раҳматулло Фузайлов, Юсуф Рабиев ва Аслиддин Ҳабибуллоев кӯмак мекунанд. Фаррух Марофиев нақши мараббии-таҳлилгарро  иҷро мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив