LIVE

Давронҷон Эргашев ба тими миллӣ ёрӣ дода наметавонад

Дифоъгари 31 солаи тими миллии Тоҷикистон Давронҷон Эргашев дар бозии даври 6-уми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 ба муқобили тими мунтахаби Қирғизистон иштирок намекунад. Давронҷон Эргашев дар бозӣ бар зидди Мянма (4:3) баргаи зард гирифт, ки ин дуюмин баргаи зарди ӯ дар рақобатҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 ба ҳисоб мерафт. Қаблан Давронҷон дар бозӣ бо яккачини Ҷопон, ки 15-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, баргаи якуми зарди хешро соҳиб гардида буд. Ҳамин тавр Давронҷон Эргашев дар бозии даври 6-уми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 ба муқобили тими мунтахаби Қирғизистон иштирок намекунад. Рақобати дастаҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон санаи 19-уми ноябр соати 19:00 бо вақти Душанбе дар назар аст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив