LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон омодагиашро барои бозӣ бо Ҷопон оғоз кард

Тими мунтахаби Тоҷикистон омодагии хешро барои бозии марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 бар зидди яккачини Ҷопон оғоз намуд. Ҳайати пурраи мунтахаби Тоҷикистон дар Душанбе ба ҳам омада, машқу тамринро оғоз намуданд. Аз 23 футболбози даъватшуда, 22 нафарашон ба тамрин фарогирифта шудаанд. Дифоъгари бошгоҳи “Хуҷанд” - Давронҷон Эргашев, ки ӯ низ ба ҳайати тими миллӣ даъват гардида буд, ҳоло дар пайи бартараф намудани осебаш мебошад. Ёдовар мешавем, ки бозӣ байни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ҷопон дар доираи рақобатҳои марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 санаи 15-уми октябр соати 17:15 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон чиптаҳои ин бозӣ 20 сомонӣ муқаррар шудаанд.
Ҳайати дастаи миллии футболи Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 бо Ҷопон:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Фатҳулло Бобоев («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон: Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА», Индонезия), Аҳтам Назаров, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷурабоев (ҳама – «Истиқлол»), Давронҷон Эргашев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду – «Хуҷанд»);

Ниммуҳофизатгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғория), Нуриддин Давронов («Уммон», Уммон), Амирбек Ҷурабоев («Навбаҳор», Узбекистон), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов, Комрон Турсунов (ҳама – «Истиқлол»), Отабек Каримов, Кароматулло Саидов (ҳарду – «Кӯктош»), Илхомҷон Баротов («Истаравшан»);

Ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»), Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев (ҳарду – «Истиқлол»), Манучеҳр Ҷалилов (бе даста).

сармураббӣ: Усмон Тошев
Ҷоми ҷаҳон-2022
Марҳилаи интихобӣ. Даври дуюм
Гурӯҳи «F». Бозии 4-ум
15 октябр (сешанбе)
Оғози бозӣ соати 17:15
ТОҶИКИСТОН – Ҷопон
Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив