LIVE

Пирӯзии Тоҷикистон бар Муғулистон

Имрӯз, 10-уми сентябр дар варзишгоҳи Федератсияи футболи Муғулистон бозии дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” миёни миллипӯшони Муғулистон ва Тоҷикистон баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба суди футболбозони мо  хотима ёфт. Ягона голи ин дидорро муҳофизатгари марказӣ - Давронҷон Эргашев дар дақиқаи 81-ум ба самар расонида, мунтахаби моро ба пеш баровард. Ҳамин тавр бозии дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” миёни миллипӯшони Муғулистон ва Тоҷикистон бо ҳисоби 1:0 ба суди шогирдони Усмон Тошев хатм шуд. Бо гузора шудани чанд дақиқа муҳофизатгари канорӣ – Искандар Ҷалилов барои қоидавайронкунӣ бо ду корти зард муҷозот карда шуд. Дар ҳоли ҳозир мунтахаби Тоҷикистон бо касби 6 имтиёз садрнишини ҷавдал ба ҳисоб меравад. Ёдовар мешавем, ки футболбозони тоҷик бозии сеюми хешро санаи 15-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бар муқобили тими миллии Ҷопон барпо мекунанд.
Ҷоми ҷаҳон-2022
Марҳилаи интихобӣДаври дуюм
Гурӯҳи «F». Бозии дуюм
Муғулистон – ТОҶИКИСТОН – 0:1
Гол: Давронҷон Эргашев 81. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив