LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон бо Малайзия бозии дӯстона баргузор мекунад

Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 мунтахаби футболи Тоҷикистон нақша дорад, ки бо тими миллии Малайзия бозии дӯстона баргузор намояд. Вохӯрии мазкур санаи 9-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Букит Ҷалили шаҳри Куала-Лумпур соати 20:45 бо вақти Малайзия ва соати 17:45 бо вақти Душанбе доир мешавад. Баъди анҷом додани дидори рафиқона яккачини Тоҷикистон ба шаҳри Янгони Мянма сафар мекунад. 14-уми ноябр мунтахаби кишвар дар доираи рақобатҳои даври 5-уми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 бар муқобили тими миллии Мянма неру месанҷад. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи «Mandalar Thiri Stadium» соати 15:30 бо вақти Душанбе баргузор мешавад. Баъдан шогирдони Усмон Тошев аз шаҳри Янгони ба шаҳри Бишкек барои анҷом додани бозии навбатии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 бар муқобили Қирғизистон сафар мекунанд. Ин вохӯрӣ санаи 19-уми ноябр соати 19:00 бо вақти Душанбе дар назар аст. 
Бозии дӯстона
9 ноябр (шанбе)
Оғози бозӣ соати 17:45 бо вақти Душанбе
Малайзия – ТОҶИКИСТОН
Куала-Лумпур, Варзишгоҳи марказии Букит Ҷалил

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив