LIVE

Мубин Эргашев ҳайати тими миллии олимпии Тоҷикистон (u-23)-ро эълон кард

Сармураббии тими олимпии Тоҷикистон (U-23) Мубин Эргашев рӯйхати бозигарони ҷамъомади таълимиву тамринии Дубайро, ки аз 6 то 12 октябр баргузор мешавад, муайян кард. Барои ин ҷамъомади омӯзишӣ ба тими олимпии кишвар 23 бозигар даъват шудааст — 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар. Шогирдони Мубин Эргашев дар Дубай ду бозии дӯстона анҷом медиҳанд. Рӯзи 8 октябр тими миллии мо бо ҳамсолони худ аз «Шабоб Ал-Аҳли"-и Дубай ва 11 октябр бо тими миллии Ветнам (U-23) бозӣ хоҳанд кард.

Ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай:
Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов, Шоҳрух Қирғизбоев (ҳарду — «Истиқлол»), Далер Азизов («Регар -ТадАЗ»);
Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ханонов, Манучеҳр Сафаров (ҳарду — «Истиқлол»), Наимҷон Иброҳимзода, Парвиз Изатшоев (ҳарду — «Хуҷанд»), Ҳусейн Нурматов («Истаравшан»), Шоҳрух Сангов («Файзканд»), Муҳаммадҷон Насков («Хатлон)»), Алиҷон Кароматуллозода (КМВА);
Нимҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор»,Ӯзбекистон), Ислом Зоиров, Шарифбек Раҳматов (ҳарду — «Истиқлол»), Кароматулло Саидов, Далер Ёдгоров («Хуҷанд»), Умарҷон Шарифов, Сорбон Авғонов (ҳарду «Хатлон»), Шуҳрат  Элмуродов («Регар -ТадАЗ»);
Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Торпедо-БелАЗ», Беларус), Рустам Соиров, Шервони Мабатшоев («Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).
Сармураббӣ: Мубин Эргашев

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив