LIVE

Аввалин тамрини Тоҷикистон дар Осака

Дар доираи омодагӣ ба бозии даври нӯҳуми марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми Ҷаҳон - 2022 бар зидди Ҷопон, дастаи мунтахаби Тоҷикистон аввалин тамриноти худро дар шаҳри Осака гузаронд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар яке аз майдонҳои маҷмааи варзишии J-GREEN Sakai тамрин кард. Дар ин тамрин 24 бозигаре, ки бо тими миллӣ ба Осака омада буданд, ширкат варзиданд.  Ёдовар мешавем, ки бозии интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” байни тимҳои миллии Ҷопон ва Тоҷикистон рӯзи 7-уми июн дар варзишгоҳи Панасоник Сюта дар Осака баргузор мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив