Дастаи мунтахаби Тоҷикистон субҳи барвақт тавассути хатсайри Дубай ба шаҳри Басра парвоз кард. Мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Усмон Тошев барои бозии дӯстона бо тими миллии Ироқ (24 май, Басра) сафарбар шуданд. Пас аз бозии дӯстона бо Ироқ, тими миллии Тоҷикистон ба АМА меравад, ки 29 май дар Шарҷа онҳо бо дастаи Тайланд бозии дӯстона доир мекунанд. Сипас яккачини Тоҷикистон барои ду бозии даври дуввуми мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 бо Ҷопон (7 июн) ва Мянмар (15 июн) ба Осака меравад.



