LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон ду бозии рафиқона анҷом медиҳад

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозиҳои марҳилаи дувуми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» моҳи ноябр дар сафар ду бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби кишвар 7-уми ноябр бо мунтахаби Баҳрайн ва 12-уми ноябр бо мунтахаби Аморати Муттаҳидаи Араб бозиҳои дӯстона баргузор мекунад. Ҳарду бозии дӯстона дар Дубай доир мегардад. Гуфта мешавад, ки дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев омодагиро ба бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Баҳрайн ва АМА охири моҳи октябр шуруъ хоҳад кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив