LIVE

Тоҷикистон бо Ироқу Тайланд бозиҳои дӯстона баргузор мекунад

Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 бо тимҳои Ҷопон ва Мянмар мунтахаби Тоҷикистон моҳи май бо мунтахабҳои Ироқ ва Тайланд ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Ироқ ва Тоҷикистон рӯзи 24 май дар Варзишгоҳи байналмилалии Басраи Ироқ баргузор мешавад. Дидори дуюми шогирдони Усмон Тошев бошад, рӯзи 29 май дар шаҳри Дубай бо яккачини Тайланд дар назар аст. Бояд гуфт, ки дар ду бозии боқимондаи даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 мунтахаби Тоҷикистон бо Ҷопон (7 июн) ва Мянмар (15 июн) вомехӯрад. Рақобатҳои мазкур дар кишвари Ҷопон доир мешаванд.
Бозиҳои дӯстона
24 май (Душанбе)
Ироқ - ТОҶИКИСТОН
Басра, Ироқ

29 май (шанбе)
Тайланд - ТОҶИКИСТОН
Дубай, АМА

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив