
Дар доираи омодагӣ ба бозиҳои марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 тими миллии Тоҷикистон бо дастаи Урдун ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Урдун дар бораи баргузории ду вохӯрии санҷишӣ байни дастаҳои мунтахаби ду кишвар ба мувофиқа расиданд. Рақобатҳо рӯзҳои 1 ва 5 феврал дар Дубай баргузор мешаванд. Дастаи Усмон Тошев омодагиҳоро ба ин вохӯриҳо охири моҳи январ оғоз мекунад. Ёдрас мешавем, ки рӯзи 25 март яккачини кишвар дар доираи даври ҳафтуми марҳилаи дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон- 2022 дар гурӯҳи "F" бо тими миллии Муғулистон бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар Душанбе баргузор мегардад.