LIVE

Лағви бозиҳои тими миллии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022

Бозиҳои тими миллии Тоҷикистон дар доираи рақобатҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 ва Ҷоми Осиё-2023 бо дастаҳои миллии Муғулистон, Ҷопон ва Мянмар бинобар вазъи ҳамагирии бемории коронавирус, ба вақти дигар гузаронида шуд. 
Ҳамин тариқ, бозии даври 7-уми марҳилаи интихобии Ҷоми Чаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» миёни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Муғулистон, ки бояд 26-уми марти соли равон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардид, ба санаи дигар гузаронида шуд. Ҳамчунон бозиҳои интихобии Ҷоми Чаҳон-2022 Ҷопон - Тоҷикистон (4 июн) ва Тоҷикистон - Мянмар (9 июн) ба таъхир гузошта шуданд.
Санаи баргузории ин бозиҳо баъдан расман эълон хоҳад шуд. Қайд гардид, ки федератсияҳо метавонанд бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022-ро бо ҳамоҳангии тарафайн, бо таъмини ҳамаи шароитҳои бехатарӣ ва бо иҷозати қаблии ФИФА ва КФО баргузор намоянд. 
Қаблан бо мақсади беҳдошти саломатии аҳолӣ, Вазорати тандурустии ҶТ бинобар таҳдиди коронавирус коҳиши баргузории чорабиниҳои оммавиро тавсия дод. Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷонибдори ин иқдом буда, бозиҳои рафиқонаи мунтахабҳои наврасони Тоҷикистон ва Ҳиндустонро, ки мебоист рӯзҳои 13-ум ва 15-уми март баргузор гардад, лағв намуд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив