LIVE

Мунтахаби футзали Тоҷикистон бар зидди АМА бозии дӯстона баргузор мекунад

Тими мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 моҳи сентябри имсол чаҳор бозии дӯстона анҷом медиҳад. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон рӯзҳои 25-ум ва 26-уми сентябр дар шаҳри Дубай бо мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона баргузор мекунад. Баъдан мунтахаби Тоҷикистон ба Манама парвоз менамояд ва рӯзҳои 29-ум ва 30-юми сентябр бо мунтахаби Баҳрайн ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Чемпионати  Осиё-2020 дар минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ рақобат мекунад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив