LIVE

Тоҷикистон бар муқобили Ҷопон омода мешавад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки пас аз бозии дӯстона бо тими миллии Тайланд (2: 2) як рӯзи истироҳат дошт, дар Дубай як тамрини навбатӣ анҷом дод. Дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай дастаи мо бо тамоми ҳайат ҷамъ омад. Охирин ба дастаи мунтахаб ҳимоятгари «Нарва Транс» -и Эстония Табрези Давлатмир пайваст. Ҳоло ситоди мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Усмон Тошев 24 бозигар - 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро дар ихтиёр дорад.
Ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Дубай то 2 июн идома хоҳад кард. Субҳи барвақти рӯзи 3-юми июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз Дубай ба шаҳри Осака парвоз карда, дар он ҷо бозиҳои даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Ҷаҳонии 2022-ро дар гурӯҳи F бо тимҳои миллии Ҷопон анҷом медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив