LIVE

Тими миллии Тоҷикистон фардо ба Дубай сафар мекунад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бори аввал дар соли нав ҷамъ омада, омодагиро ба бозиҳои дӯстонаи моҳи феврал бо тими миллии Урдун, ки дар Дубай баргузор мешавад, шурӯъ кард.
Барои омодагӣ ба бозиҳои дӯстона, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Усмон Тошев 23 бозигар - 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кард.
Рӯзи 30-уми январ, тими миллии мо ба Дубай парвоз мекунад, ки рӯзҳои 1-ум ва 5-уми феврал бо тими миллии Урдун бозиҳои дӯстона баргузор мекунанд. Ин вохӯриҳо соати 19:00 бо вақти Душанбе шурӯъ мегарданд.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо тими миллии Урдун:
Дарвозабонҳо:
Рустам Ятимов (“Истиқлол”), Шоҳрух Қирғизбоев (“Локомотив-Помир”), Муҳриддин Ҳасанов (“Хуҷанд”);
Ҳимоятгарон:
Давронҷон Эргашев (“Бунёдкор”, Ӯзбекистон), Аҳтам Назаров, Зоир Ҷӯрабоев, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир, Ваҳдат Ханонов (ҳама – “Истиқлол”), Манучеҳр Сафаров (“Локомотив-Помир”), Наимҷон Иброҳимзода (“Хуҷанд”), Алиҷон Кароматуллозода (КМВА);
Нимҳимоятгарон:
Эҳсони Панҷшанбе (“Навбаҳор”, Ӯзбекистон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳама – “Истиқлол”), Абдулмӯъмин Забиров (“Хуҷанд”), Илхомҷон Баротов (“Истаравшан”), Ислом Зоиров (“Локомотив-Помир");
Ҳамлагарон:
Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров (ҳарду - "Истиқлол"), Ҷаҳонгир Эргашев, Тоҳир Малодӯстов (ҳарду - "Хуҷанд").
Сармураббӣ -
Усмон Тошев (Ӯзбекистон).
Бозиҳои дӯстона
1-уми феврал 
Урдун - ТОҶИКИСТОН
5-уми феврал
Оғоз соати 19:00 бо вақти Душанбе
Урдун - ТОҶИКИСТОН

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив