LIVE

Тими миллӣ ба бозиҳои дӯстона омода мешавад

Тими мунтахаби Тоҷикистон санаи 29-уми октябр дар Душанбе ҷамъ омада, ба вохӯриҳои рафиқона бо дастаҳои яккачини Баҳрайн ва АМА омодагиашро оғоз намуд. Дар вохӯриҳои мазкур сармураббии тими миллӣ - Усмон Тошев 26 бозигар аз ҷумла, 3 – дарвозабон, 8 – дифоъгар, 10 – ниммуҳофизатгар ва 5 ҳамлаварро даъват намудааст. Тамринҳои тими мунтахаби кишвар дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе то 3-юми ноябр идома мекунанд. Баъдан субҳи 4-уми ноябр ҳайати мунтахаби кишвар барои анҷом додани бозиҳои дӯстона бар зидди миллипӯшони Баҳрайн (7 ноябр) ва АМА (12 ноябр) ба шаҳри Дубай сафар мекунад.
Ҳайати тими миллии Тоҷикистон:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қиргизбоев («Локомотив-Помир»), Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»);
Дифоъгарон: Давронҷон Эгашев («Бунёдкор», Ӯзбекистон), Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Зоир Ҷурабоев, Табрези Давлатмир, Ваҳдат Ҳанонов (ҳама – «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Помир»), Алишер Баротов («Хуҷанд»);
Ниммуҳофизатгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Болгария), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Ӯзбекистон), Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон), Илҳом Баротов («Истаравшан»), Амирбек Ҷурабоев, Муҳаммаҷон Раҳимов (ҳама – «Истиқлол»), Шервони Мабатшоев (КМВА), Абдулмумин Забиров («Хуҷанд»), Шарафҷон Солеҳов («Файзканд»), Хуршед Абдуллоев («Душанбе-83»);
Ҳамлаварон: Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (ҳама – «Истиқлол»), Тоҳир Малодустов («Хуҷанд»), Ислом Зоиров («Локомотив-Помир»).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив