LIVE

Бозгашти Восиеви хурдӣ ва Фатҳуллоев ба тими миллӣ

Усмон Тошев сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ҳайати бозингаронро барои ширкат дар бозии дӯстона бо Малайзия (9-ноябр) ва бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 бо Мянмар (14 ноябр) ва Қирғизистон (19 ноябр) эълон кард. Ба дастаи яккачини Тоҷикистон 23 футболбоз аз ҷумла 7 лигионер даъват шуд. Баъди муддати зиёд Фарҳод Восиев ҳимоятгари дастаи "Нефтехимик"-и Россия ва Фатҳулло Фатҳуллоев ниммуҳофизатгари дастаи "Бухоро"- и Ӯзбекистон ба ҳайат пазируфта шуданд. 

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон: 

Дарвозабон: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Фатҳулло Бобоев («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон: Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА», Индонезия), Фарҳод Восиев («Нефтехимик», Россия), Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир (ҳама – «Истиқлол»), Давронҷон Эргашев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду – «Хуҷанд»);

Ниммуҳофизатгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғория), Нуриддин Давронов («Уммон», Уммон), Амирбек Ҷурабоев («Навбаҳор», Ӯзбекистон), Фатҳулло Фатҳуллоев («Бухоро», Ӯзбекистон), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов, Комрон Турсунов (ҳама – «Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Куктош»);

Ҳамлагарон: Ҷахонгир Эргашев («Саиф Спортинг Клуб», Бангладеш), Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев (ҳама – «Истиқлол»), Манучеҳр Ҷалилов (бе клуб).


Дастаи яккачини кишвар субҳи 6-уми ноябр тавассути хатсайри Дубай ба пойтахти Малайзия шаҳри Куала-Лумпур сафар хоҳад кард. Дидори дӯстонаи Тоҷикистон ва Малайзия 9-уми ноябр соати 17:45 бо вақти мо баргузр хоҳад шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив