LIVE

Мунтахаби футболи Тоҷикистон ба шаҳри Мандалай сафар кард

Тими мунтахаби футболи Тоҷикистон дирӯз, 12-уми ноябр барои анҷом додани бозии 5-уми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 бар муқобили яккачини Миянма ба шаҳри Мандалайи ин кишвар сафар намуд. Бегоҳии ҳамин рӯз дастпарварони Усмон Тошев дар майдони захиравии «Mandalar Thiri Stadium» бо ҳайати пурра тамрин намуданд. Имрӯз, 13-уми ноябр бошад, нишасти хабарии пеш аз бозӣ байни миллипӯшони Миянма ва Тоҷикистон баргузор мешавад. Ин бегоҳ бошад, мунтахаби футболи кишвар дар майдони захиравии «Mandalar Thiri Stadium» тамринҳои ниҳоии хешро пеш аз вохӯрӣ бо Миянма баргузор мекунад.
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозии марҳилаи интихобии  ҶҶ-2022 бо Миянма:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қиргизбоев («Локомотив-Помир»), Фатҳулло Бобоев («Регар-ТадАЗ»);
Дифоъгарон: Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА», Индонезия), Фарҳод Восиев («Нефтехимик», Россия), Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир (ҳама – «Истиқлол»), Давронҷон Эргашев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду – «Хуҷанд»);
Ниммуҳофизатгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Нуриддин Давронов («Оман», Уммон), Амирбек Ҷурабоев («Навбаҳор», Ӯзбекистон), Фатҳулло Фатҳуллоев («Бухоро», Ӯзбекистон), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммаҷон Раҳимов, Комрон Турсунов (ҳама – «Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Кӯктош»);
Ҳамлаварон: Ҷаҳонгир Эргашев («Саиф Спортинг Клуб», Бангладеш), Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев (ҳама – «Истиқлол»), Манучеҳр Ҷалилов (бе бошгоҳ).
Сармураббӣ – Усмон Тошев.
ҶҶ-2022. Марҳилаи интихобӣ
Даври дуюмГурӯҳи «F». Бозии 5-ум
14 ноябр (панҷшанбе)
Оғози бозӣ соати 15:30 бо вақти Душанбе
Миянма – ТОҶИКИСТОН
Мандалай, варзишгоҳи «Mandalar Thiri Stadium»

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив