LIVE

Ҳайати тими милӣ барои бозӣ бо Ӯзбекистон эълон шуд

Ситоди мураббиёни мунтахаби миллии Тоҷикистон бо сарварии Усмон Тошев ҳайати дастаро барои тамрин дар Душанбе қабл аз бозии дӯстона бо тими миллии Ӯзбекистон эълон кард. Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон рӯзи 25-уми август дар Душанбе омодагии худро барои дидори рафиқона бо тими миллии Ӯзбекистон, ки рӯзи  3-юми сентябр дар Тошканд баргузор мешавад, оғоз хоҳад кард. Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Усмон Тошев 24 бозигарро ба ҳайат ҷалб намуд, ки аз 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар иборат мебошад. Ҳимоятгари «Бунёдкор»  Давронҷон Эргашев, ки дар ихтиёри клуби худ қарор дорад, ба тими миллӣ аллакай дар Тошканд мепайвандад.
Дарвозабони «Истиқлол» -и Душанбе Рустам Ятимов, ки дар бозии дӯстона бо тими миллии Малайзия моҳи ноябри соли гузашта корти сурх гирифтааст, тибқи муқаррароти FIFA, дар бозӣ бо Ӯзбакистон бозӣ намекунад. Бо вуҷуди он Рустам ба тамринҳои дастаҷамъона ҷалб шудааст. Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон чунин аст:
Дарвозабон: Рустам Ятимов (Истиқлол), Шоҳрух Қиргизбоев (Локомотив-Помир), Қурбоналӣ Бобоев (Куктош);
Ҳимоятгарон: Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷурабоев (ҳама - Истиқлол), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Помир»), Хуршед Бекназаров, Алишер Баротов (ҳарду - Хуҷанд);
Ҳимоятгарон: Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷурабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳама - Истиқлол), Илҳом Баротов (Истаравшан), Умарҷон Шарипов (Хатлон), Шарафҷон Солеҳов (Хатлон), Комрон Турсунов «Моҳун Баган», Ҳиндустон, Хуршед Абдуллоев ("Душанбе-83");
Ҳамлагарон:  Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев (ҳарду - Истиқлол), Ҷаҳонгир Эргашев, Дилшод Бозоров, Тоҳир Малодустов (ҳама - Хуҷанд)

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив