LIVE

Мунтахаби кишвар ба бозии дӯстона бар муқобили Малайзия омода мешавад

Тими мунтахаби футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев барои рақобатҳои муҳими дарпешистода бар муқобили Малайзия (бозии дӯстона рӯзи 9.11.2019 соати 17:45) Мянма (рӯзи 14.11.2019 соати 15:30) ва Қирғизистон (рӯзи 19.11.2019 соати 19:00) дар доираи марҳилаи интихобии Чемпионати Ҷаҳон - 2022 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе тамринҳои хешро шуруъ кард. 
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон: 
Дарвозабон: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Фатҳулло Бобоев («Регар-ТадАЗ»); 
Ҳимоятгарон: Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА», Индонезия), Фарҳод Восиев («Нефтехимик», Россия), Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир (ҳама – «Истиқлол»), Давронҷон Эргашев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду – «Хуҷанд»); 
Ниммуҳофизатгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғория), Нуриддин Давронов («Уммон», Уммон), Амирбек Ҷурабоев («Навбаҳор», Ӯзбекистон), Фатҳулло Фатҳуллоев («Бухоро», Ӯзбекистон), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов, Комрон Турсунов (ҳама – «Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Куктош»); 
Ҳамлагарон: Ҷахонгир Эргашев («Саиф Спортинг Клуб», Бангладеш), Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев (ҳама – «Истиқлол»), Манучеҳр Ҷалилов (бе клуб).
Дастаи яккачини кишвар субҳи 6-уми ноябр тавассути хатсайри Дубай ба пойтахти Малайзия шаҳри Куала-Лумпур сафар хоҳад кард. Дидори дӯстонаи Тоҷикистон ва Малайзия 9-уми ноябр соати 17:45 бо вақти мо баргузр хоҳад шуд.
 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив