LIVE

Омодагии мунтахаби Тоҷикистон ба бозии дуюми рафиқона

Тими мунтахаби Тоҷикистон, ки ҳоло дар шаҳри Дубай ҷамъомади таълимиву тамринӣ мегузаронад, омодагиро ба бозии дӯстона бо иштирокчии даври нимниҳоии Ҷоми Осиё-2019 мунтахаби АМА оғоз кард. Пас аз бозии дӯстона бо тими миллии Баҳрайн, мунтахаби кишвар як рӯз истироҳат гирифт ва дирӯз, 9 ноябр омодагиро ба бозии дуввум дар бар муқобили АМА оғоз кард. Хотиррасон мешавем, ки бозии дӯстона байни тимҳои миллии Аморати Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 12 ноябр дар варзишгоҳи “Забил”-и Дубай, ки майдони хонаи бошгоҳи футболи «Ал-Васл» аст, баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:00 бо вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив