LIVE

Бозиҳои рафиқонаи мунтахаби футзали Тоҷикистон

Мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии сармураббии сербиягӣ - Деян Дедович дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 рӯзҳои 25-26-уми сентябр дар шаҳри Дубай бо мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб ду бозии дӯстона баргузор мекунад. Деян Дедович ба ҳайати даста 14 бозигарро даъват кард. Баъдан мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Манама парвоз менамояд ва рӯзҳои 29-ум ва 30-юми сентябр бо мунтахаби Баҳрайн ду бозии рафиқона анҷом медиҳад. Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар гурӯҳи "А" бо мунтахабҳои Непал (23-юми октябр), Афғонистон (24-уми октябр) ва Ӯзбекистон (25-уми октябр) рақобат мекунад. Ёдовар мешавем, ки марҳилаи интихобии қаҳрамонии футзали Осиё дар шаҳри Урмияи Эрон доир мегардад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив