LIVE

Тамринҳои мунтахаби Тоҷикистон дар Дубай

Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар шаҳри Дубай, ки макони баргузории бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Баҳрайн ва АМА интихоб шудааст, тамринҳои аввалини худро дар майдони Ассотсиатсияи футболи АМА оғоз намуд. Дар машғулиятҳо, ки таҳти роҳбарии сармурабби - Усмон Тошев сурат гирифтанд, 25 бозингар иштирок кард. Хотиррасон мекунем, ки дар доираи машқҳои таълимию тамринӣ дар шаҳри Дубай мунтахаби кишвар дар бозии аввали дӯстонаи худ 7-уми ноябр бо яккачини Баҳрайн ба майдон мебарояд. Ин вохӯрӣ соати 20:30 бо вақти Душанбе дар варзишгоҳи бошгоҳи “Ал-Васл” доир мешавад.    

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив