LIVE

Анҷоми омодагии мунтахаби Тоҷикистон

Тамринҳои мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии сармураббӣ - Усмон Тошев ба бозиҳои дӯстонаи моҳи ноябр бар муқобили тимҳои миллии Баҳрайн ва АМА ба охир расиданд. Омодагии футболбозони тоҷик давоми як ҳафта дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо иштироки 25 бозигар сурат гирифтанд. Ҳамакнун тими миллии кишвар фардо ба макони баргузории бозиҳо - шаҳри Дубай сафар мекунад. Хотиррасон мекунем, ки баргузории бозии якуми дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Баҳрайн 7-уми ноябр ва бо яккачини АМА 12-уми ноябр дар назар аст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив