LIVE

Тоҷикистон дар Дубай бар муқобили Таиланд омода мешавад

Мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол баъд аз дидори дӯстона бо яккачини Ироқ ба шаҳри Дубайи АМА омада, машқҳои худро ба вохӯрии дуюми дӯстонаи санҷишӣ, ки бо тими миллии Таиланд дар назар аст, оғоз кард.  Ба тамринҳои тими миллӣ ҳуҷумкунандаи “Динамо-Авто”-и Молдава - Шаҳром Самиев пайваст. Ҳоло дар ҳайати даста 22 бозингар ҷамъ омад. Нимҳимоятгари дастаи “Локомотив”-и Пловдив Парвизҷон Умарбоев, ки дар чемпионати Булғористон бо клубаш медалҳои нуқра ба даст овард, 28-уми май ба ҳайати мунтахаби кишвар пайваст мешавад. Ҳимоятгари бошгоҳи Эстония “Нарва Транс” - Табрези Давлатмир ва капитани дастаи “Истиқлол” - Алишер Ҷалилов бошанд, дар бозии дӯстонаи дарпешистода бо тими миллии Таиланд иштирок карда наметавонанд. Онҳо дар поёни ҷамъомади таълимиву тамринӣ пеш аз ба Осака рафтани даста ба маҳалли тими миллӣ меоянд.  Баргузории бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 бо тимҳои миллии Ҷопон 7-уми июн ва бо Мянмар 15-уми июн дар назар аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив