LIVE

Ҳайати тими миллӣ дар бозӣ бо Муғулистон

Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ, мутахассиси узбекистонӣ Усмон Тошев ҳайати мунтахаби миллиро барои иштирок дар бозии даври ҳафтуму марҳилаи дуюми интихобии ҷоми ҷаҳон-2022 бо тими миллии Муғулистон, ки рӯзи 25-уми март, соати 18:00 дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад, муайян сохт.
Дар рӯйхати даъватшудагон ба бозии мазкур 25 нафар футболбозон шомил шуданд, ки аз онҳо 3 кас дарвозабон, 8 кас муҳофизатгар, 9 кас ниммуҳофиз ва 4 кас ҳамалагар мебошанд. Ниммуҳофизи “Навбаҳор”-и Намангон Эҳсони Паншанбе бо вуҷуди ба ҳайати даста шомил шудан ва ба ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ даъват гардидан, вобаста ба корти зиёди зард доштани худ, дар ин вохӯрӣ ба дастаи мунтахаби миллӣ кӯмак карда наметавонад.
Тайёриро ба бозӣ бо муғулистон тими миллии Тоҷикистон рӯзи 19-уми  март дар Душанбе шуруъ хоҳад кард.
Ёдрас мешавем, ки бозии даври ҳафтуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 байни тимҳои миллии Тоҷикистону Муғулистон, рӯзи 25-уми марти соли 2021, соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад. Нархи билетҳои бозӣ 20 сомонӣ муқаррар шудаст.
Ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозии марҳилаи интихобии ҷоми ҷаҳон-2022 муқобили Муғулистон:
Дарвозабонҳо:
Рустам Ятимов («Истиқлол»)
Муҳриддин Ҳасанов («Истиқлол»)
Шоҳрух Қирғизбоев («Кӯктош»)
Муҳофизон:
Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон)
Фарҳод Восиев («Тамбов», Россия)
Табрези Давлатмир («Нарва Транс», Эстония)
Аҳтам Назаров («Истиқлол»)
Ваҳдат Ҳанонов («Истиқлол»)
Искандар Ҷалилов («Истиқлол»)
Манучеҳр Сафаров («Истиқлол»)
Зоир Ҷӯрабоев («Истиқлол»)
Ниммуҳофизон:
Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон)
Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон)
Эҳсони Паншанбе («Навбаҳор», Узбекистон)
Алишер Ҷалилов («Истиқлол»)
Амирбек Ҷӯрабоев («Истиқлол»)
Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»)
Ислом Зоиров («Истиқлол»)
Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»)
Абдулмумин Забиров («Хуҷанд»)
Ҳамалагарон:
Шаҳром Самиев («Динамо-Авто», Молдова)
Ҷаҳонгир Эргашев («Қизилқум», Узбекистон)
Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»)
Рустам Соиров («Истиқлол»)
Сармураббӣ – Усмон Тошев (Узбекистон).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив