LIVE

Голи Эҳсон ба “Навбаҳор” ғалаба овард

Голи нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе дар даври дуюми Супер Лигаи Ӯзбекистон ба дастаи ”Навбаҳор” бар    “Локомотив”-и Тошканд (2:1) ғалаба овард.  Футболбози тоҷик дар дақиқаи 63-юми вохӯрӣ аз курсии бозигарони захиравӣ озими майдон шуд ва пас аз дувоздаҳ дақиқа гол зад. Ин голи нахустини Эҳсон барои тими "Навбаҳор" аст.
Бояд гуфт, ки бинобар зиёд шудани кортҳои зард, Эҳсони Панҷшанбе наметавонад дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозии навбатии интихобии Ҷоми Ҷаҳони - 2022 бар зидди мунтахаби Муғулистон, ки 25 март дар Душанбе доир мешавад, ба майдон намебарояд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив