LIVE

Эҳсон аз ташхиси тиббӣ бо муваффақият гузашт

Чӣ тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, футболбози тоҷик Эҳсони Панҷшанбе аз бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе  ба дастаи Навбаҳори Ӯзбекистон гузариш намуд.  Айни замон Эҳсон  дар шаҳри Тошканд қарор дорад. Баъд аз   муоинаи тиббӣ ӯ ба Намангон   меравад. Роҳбарияти даста  дар саҳифаи расмии худ барои ин гузариш изҳори хушнудӣ намуда, чунин  шарҳ додааст: “Ба Намангон   футболбози тоҷик меояд. Эҳсон бозигари  чолок аст. Ба саф як  легионери дигар зам шуд. Хуш омади ба Навбаҳор, Эҳсон!”. Интизор меравад, ки шумораи зиёди мухлисон нимаҳимоятгари тоҷикро дар  Намангон пешвоз хоҳанд гирифт. Ёдовар мешавем, ки муҳлати шартномаи Эҳсони Панҷшанбе бо дастаи нав то охири соли 2022 эътибор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив