LIVE

Боз як футболбози тоҷик ба Ӯзбекистон меравад.


Амирбек Ҷӯрабоев ниммуҳофизатгари дастаи миллии Тоҷикистон ва бошгоҳи "Истиқлол" рӯзҳои наздик бо дастаи сеюми чемпионати Суперлигаи Ӯзбекистон шартнома хоҳад баст. Эҳтимол аст футболбози 23- солаи дастаи "Истиқлол" бо бошгоҳи футболи "Навбаҳор" аз шаҳри Намангон шартномаро то анҷоми мавсими имсола ба имзо расонад. Ҷӯрабоев аз соли 2016-ум дар ҳайати дастаи "Истиқлол" ҳунарнамоӣ карда, дар тими миллӣ бошад аз соли 2014 бозӣ мекунад. Мавсуф дастпарвари бошгоҳи футболи ССКА-и Маскав аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив