LIVE

Асроров кадом дастаро интихоб мекунад. Хуҷанд ё тими дигар ?

Ҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Сиёвуш Асроров ҳоли ҳозир бидуни даста мондааст. Ба футболбози 27 солаи тими мунтахаби Тоҷикистон бошгоҳи "Хуҷанд" таваҷҷуҳ дорад. Бояд гуфт, ки футболбози мазкур ҳанӯз соли 2012 бо роҳбарии Мубин Эргашев дар ҳайати ин даста як мавсим ҳунарнамои карда аст. Ҳоло бошад ӯ ба дастаи мунтахаби кишар барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» даъват гардидааст. Ёдовар мешавем, ки Асроров моҳи январи соли ҷорӣ ба дастаи ПКНП ( Perak State Development Corporation )-и Малайзия гузариш намуда буд. Мавсуф дар 7 бозӣ дар ҳайати ин даста ширкат кард, аммо бо сабабҳои номаълум дастаро тарк намуд. Сиёвуш Асроров аз соли 2013 то 2018 дар ҳайати дастаи Истиқлол ҳунарнамоӣ карда, чаҳор карат чемпиони Тоҷикистон, барандаи Ҷоми кишвар ва иштирокчии бозии ниҳоии Ҷоми КФО-2015, 2017 мебошад. Асроров дастпарвари бошгоҳи футболи "Вахш" маҳсуб меёбад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив