LIVE

Интихоби Нуриддин кадом аст?. Индонезияву Малайзия ё Қувайту Ӯзбекистон

Ба ниммуҳофизатгари "Истиқлол" Нуриддин Давронов дастаҳои чаҳор кишвари Осиё, Индонезия, Малайзия, Қувайт ва Ӯзбекистон мароқ зоҳир кардаанд. Акнун Нуриддин, ки борҳо дар мусобиқаҳои берун аз кишвар ҳунарнамоӣ кардааст, дар интихоби дастаи ояндаи худ мебошад. Ӯ соле қабл дар ҳайати дастаи "Мадура Юнайтед"-и Индонезия сахт ҷароҳат бардошта, ба табобат машғул шуд. Баъди бозгашт ба кишвар ҳамчун футболбози дастаи "Истиқлол"дар як бозии Лигаи олӣ муқобили "Хуҷанд" аз зонуи худ дубора осеб гирифт. Имсол баъди барқарор кардани саломатиаш Давронов дар якчанд бозии Ҷоми КФО ва чемпионати мамлакат ба майдон баромад. Акнун Нуриддин Давронов дар равзанаи гузариши футболбозон яке аз дастаҳои кишварҳои номбаршударо интихоб хоҳад кард. Аз мусобиқаи Суперлигаи Ӯзбекистон ба футболбози тоҷик яке аз дастаҳои сегонаи аввал таваҷҷуҳ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив