«Лидс Юнайтед» аз дастаи «Валенсия» Родриго Мореноро ба ҳайати худ ҷалб сохт. Гузариши ин ҳамлагар барои тими футболи англисӣ рекордӣ шуд. Дар ин бора сомонаи расмии дастаи «Лидс» хабар додааст.
Футболбози 29 сола баъд аз он, ки аз ташхиси тиббӣ гузашт, дар қарордоди ҳамкорӣ ба муҳлати 4 соли оянда имзо гузошт.
Тавре иттилоъ дода мешавад, клуби англисӣ барои футболбоз 30 миллион € пардохт намуда, ҳамчунин “Валенсия” боз мукофотпулӣ интизор аст.
Родриго соли 2015 аз дастаи «Бенфика» ба «Валенсия» гузариш намуда буд. Дар мавсими гузашта Родриго 27 маротиба ба майдон баромада, ба задани 4 гол даст ёфтааст.