Дастаи "Навбаҳор" дар бозии даври 19-уми чемпионати Ӯзбекистон дар майдони худ аз тими "Пахтакор" шикаст хӯрд. Вохӯрӣ бо натиҷаи 0:1 ба поён расида, муаллифи голи ягона Достонбек Ҳамдамов дар дақиқаи 27-ум шуд. Футболбози тоҷик Амирбек Ҷӯрабоев, ки дар ҳайати дастаи шаҳри Намангон бозӣ мекунад, давоми 90 дақиқа дар майдон буд. "Навбаҳор" дар даври 20-уми Суперлигаи Ӯзбекистон бо "Суғдиёна" бозӣ мекунад.