LIVE

То бозӣ бо мунтахаби Муғулистон 20 рӯзи дигар боқӣ монд

То бозии марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” байни тимҳои миллии Тоҷикистону Муғулистон ҳамагӣ 20 рӯзи дигар боқӣ монд.
Бозии мазкур рӯзи 25-уми март, соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Ин бозӣ ягона вохӯрӣ дар қораи Осиё мебошад, ки дар вақти муқарраршуда доир мешавад. Қаблан, Конфедератсияи футболи Осиё тамоми вохӯриҳои даври ҳафтуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022-ро дар қораи Осиё мавқуф гузошта, барггузории онҳоро ба моҳи июн гузаронд.    
Ёдрас мешавем, ки тими миллии Тоҷикистон омодагиро ба ин бозӣ аз рӯзи 19 март, дар Душанбе шурӯъ мекунад.
Дар ин бора саҳифаи расмии ФФТ хабар медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив