LIVE

Сафари мунтахаби Тоҷикистон ба шаҳри Осака

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон - 2022 дар гурӯҳи "F" бо тимҳои миллии Ҷопон  ва Мянмар  ба шаҳри Осака сафар кард. Футболбозони тоҷик дар шаҳри  Дубай ду дидори рафиқона ва марҳилаи охирини омодагиро барои бозиҳои дарпешистода  анҷом дод ва аз шаҳри Дубай ба Осака сафар намуд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев 24 бозигар шомил аст. Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии навбатии худро дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон - 2022 дар гурӯҳи F рӯзи 7 июн бо тими миллии Ҷопон анҷом медиҳад. Рақобати охирини интихобиро милипӯшони мо рӯзи  15 июн бо Мянмар баргузор мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив