LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон имрӯз бо яккачини Ироқ бозӣ мекунад

Дар доираи омодагӣ ба бозиҳои даври дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 мунтахаби футболи Тоҷикистон имрӯз бо тими миллии Ироқ вохӯрии рафиқона анҷом медиҳад. Феълан Усмон Тошев бо шогирдонаш дар шаҳри Басра қарор доранд ва қабл аз вохӯрӣ тамринҳои охирини худро дар макони баргузории мусобиқа анҷом доданд. Дар тамринҳои дастаи мо, ки дар варзишгоҳи "Ал-Файҳа"  ҳамаи 21 футболбоз аз маҳалли ҷойгиршавии тими миллӣ ширкат карданд. Дар доираи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон  24 май мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Ироқ бозии дӯстона баргузор мекунад. Бозӣ  соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 21:30 Душанбе) оғоз мешавад. Ҷараёни рақобатро шабакаҳои "Варзиш" ва "Футбол" мустақиман пахш месозанд. Бо қарори Ассотсиатсияи футболи Ироқ ин вохӯрӣ бидуни тамошобин баргузор мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив