LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон ба Ироқ расид

Тими мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев имрӯз барои баргузор намудани бозии дӯстона бо тими миллии Ироқ ба шаҳри Басра  расид. Дар Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Басра ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистонро Ассотсиатсияи футболи Ироқ, Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт, Ироқ ва Сурия ва инчунин даҳҳо рӯзноманигорон самимона пешвоз гирифтанд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 21 бозигар - 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар ба Басра рафт.
Хотиррасон мекунем, ки бозии дӯстона байни тимҳои миллии Ироқ ва Тоҷикистон рӯзи душанбеи 24 май, соати 21:30 бо вақти Душанбе дар Варзишгоҳи байналмилалии Басра баргузор мешавад.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии дӯстона бо тими миллии Ироқ (24 май):
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳама – «Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Куктош»);
Диофъгарон: Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Ӯзбекистан), Аҳтам Назаров, Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров, Зоир Ҷурабоев (ҳама – «Истиқлол»), Алиҷон Кароматуллозода (КМВА);
Нимҳимоятгарон: Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Ӯзбекистон), Муҳаммаҷон Раҳимов, Ислом Зоиров (ҳама – «Истиқлол»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»), Абдулмумин Забиров («Хуҷанд»), Хусрав Тоиров («Динамо», Душанбе), Алиҷони Айнӣ (озод);
Ҳамлаварон: Шериддин Бобоев («Пенанг», Малайзия), Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров (ҳама – «Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).
Сармураббӣ – Усмон Тошев (Ӯзбекистон).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив