LIVE

Қаҳрамонии “Атлетико” ва ашкҳои Суарес

То охирин даври футболи Ла Лигаи Испания тамоми мухлисони ин бозии зебои дӯстдоштании миллиардҳо сокини сайёраро таваҷҷуҳи кадом даста қаҳрамон шудан дар ин чемпионат нигарон карда буд. Зеро ҳам “Атлетико” ва ҳам “Реал” – и пойтахти Испания шонсҳое барои қаҳрамонӣ доштанд. Дар сурати дар бозии охирин бо бохти “Атлетико” ва бурди “Реал” метавонист дастаи шоҳона қаҳрамон мегардид. Аммо ба бахти Семионе ва роҳбарияти бошгоҳи “рахдорон” маҳз Луис Суаресе, ки аз “Барселона” ба қавле “ронда” шуда буд, ба додашон расид. Зеро дастаи ҳариф, ки “Валядолид” буд, соҳиби майдон буд ва охирин бозӣ барояшон шаъншикан маҳсуб меёфт, чун онҳо мавсими оянда дар Сегунда (лигаи 2-юми футболи Испания) баромад хоҳанд кард. Аз ин буд, ки дар дақиқаи 18-уми қисми аввали дидор онҳо бо голи Плано дарвозаи Ян Облакро рахна карда буданду баъдтар пурра ба ҳимоя нишаста буданд. Дар қисми дуюми бозӣ, ба шогирдони Семионе муяссар гашт, ки ҳисобро баробар кунанд ва Корреа ин корро дар дақиқаи 57-ум анчом дод. Аммо барои соҳиби се имтиёз гаштан ин кофӣ набуд ва ҳамин буд, ки Луис Суарес, бозингаре, ки ин мавсим дар лаҳзаҳои даркорӣ ба доди “рахдорон” расида буд, боз ҳам наҷотбахши ҳамдастагонаш гашт ва дар дақиқаи 67-ум голи дуюмро вориди дарвозаи мизбонон намуд. Бозӣ ҳам бо ин натиҷаи барои Семионе ва шогирдонаш фоидаовар ба анҷом расиду “Атлетико Мадрид” баъди 7 соли интизории тӯлонӣ қаҳрамони чемпионати Испания гашт. Бо 86 имтиёз дар 38 давр онҳо аз рақибони ҳамешагии худ, аз “Реал Мадрид” (84) бо 2 имтиёз ва аз “Барселона” (79) бошад, бо 7 имтиёз пештоз гаштанд. 

Қал аз ин дидор низ, зарбаҳои ҳалкунандаи ин футболбози уругвайӣ дар бозиҳои:

бо “Селта” (2-0);

“Элче” (3-1);

“Хетафе” (1-0);

“Алавес” (2-1);

“Эйбар” (2-1);

“Валенсия” (3-1);

“Кадис” (4-2);

“Атлетик Билбао” (2-1);

“Алавес” (1-0) ва

“Осасуна” (2-1)

дастаро пеш бурда, соҳиби 3 имтиёзӣ гардонида буд. Дар се ҳолат аз ёздаҳ ҳолат Суарес голҳои ғалабаоварро маҳз баъди 85-ум дақиқаи дидор ба самар расонида, аз инҳо се ҳолат аз зарбаҳои ёздаҳметра буд, ки дуруст ба ҳадаф расонида буд.

Баъди анҷоми бозӣ ва ҷашни қаҳрамонӣ таваҷҷуҳи наворбардонро Луис Суарес бо он ҷалб кард, ки ӯ дар даст телефони мобилиашро гирифта ашк мерезонд. Мусоҳибааш бо хабарнигорон низ мавриди таваҷҷуҳи ҳамаи олам қарор гирифт: “Тобистони соли гузашта “Барселона” ба қадри ману хизматҳои кардаам дар ин даста нарасид, аммо маҳз “Атлетико Мадрид” буд, ки дарашро ба рӯям боз намуд. Ман ҳамеша аз ин бошгоҳ барои бовариашон нисбатам миннатдорам!”

Чизи дигари ҷолиби таваҷҷуҳ он аст, ки мавсими футболи соли 2013/14 “Барселона” футболбози машҳураш Виляро низ ба “Атлетико” дода буд ва он сол “рахдорон” ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта буданд. Ин мавсим низ баъди 7 соли интизорӣ онҳо маҳз баъди гузариши Суарес аз “Барселона” қаҳрамони Ла Лига гаштанд. Ба қавле, “Барселона” “Атлетико”-ро қаҳрамон гардонид.

Ҳамин тавр «Атлетико» маротибаи 11-ум унвони қаҳрамониро дар чемпионати футболи ин кишвари бонуфузи аврупоӣ ба даст овард. Қаблан даста дар мавсимҳои 1939/1940, 1940/1941, 1949/1950, 1950/1951, 1965/1966, 1969/1970, 1972/1973, 1976/1977, 1995/1996 ва 2013/2014 ба ин натиҷа даст ёфта буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив