LIVE

«Барселона» ба "Атлетико" боз ҳам наздиктар шуд

Дар бозии даври 29-уми Ла Лигаи Испания “Барселона” дар майдони худ “Валядолид”-ро қабул кард. Бозӣ дар варзишгоҳи “Камп Ноу” баргузор шуд ва бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Дар дақиқаи 90-уми дидор, голи ғалабаовар ва ягонаи "каталониҳо"-ро Усмон Дембеле ба самар расонид. Қобили зикр аст, ки аз дақиқаи 79-ум “Валядолид” 10 нафара бозиро идома дод. Ҳамлагар Оскар Плано корти сурх гирифт. “Барселона”, бо 65 имтиёз дар зинаи дуввум аст. Пешсаф дар чемпионати Испания «Атлетико» бо 66 хол маҳсуб мешавад.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив