LIVE

Ду корти сурх ва як гол дар дербии Каталония

Дар доираи бозиҳои  даври 35-уми   Чемпионати Испания дастаи “Барселона”   дар варзишгоҳи Камп Ноу тими “Эспанйол”-ро пазируфт. Дар ин дерби нилунориҳо бо ҳисоби 1 бар 0 пирӯз шуданд. Дар дақиқаи 50-ум  ҳамлагари “Барселона” - Ансу Фати бар асари қоидаситезӣ  бо баргаи сурх муҷозот шуд. Бо гузашти 3 дақиқаи дигар  нимҳимоятгари “Эспанйол” - Пол Лосано низ корти сурх гирифту бозибадар шуд.  Дар дақиқаи 56-уми дидор  голи ягонаи вохӯриро Луис Суарес вориди дарвозаи ҳарифон намуд.  Ҳамин тавр,  “Барселона” силсилаи бозиҳои бебохти худро  дар Ла Лига ба 9 адад расонида, “Эспанйол” бошад,  имконияти дар Ла Лига монданро аз даст дод.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив