LIVE

Левандовски "Бавария"-ро чемпион кард

Дар бозии даври 32-юми Чемпионати Олмон бошгоҳи «Вердер» дар хонааш «Бавария»-ро қабул намуд. Бозӣ дар варзишгоҳи «Везерштадион» воқеъ дар Бремен сурат гирифта, бо ҳисоби 0:1 ба суди мюнхениҳо хатм шуд. Ягона голи тақдирсози «Бавария»-ро ҳамлагар Роберт Левандовски ба ҳадаф расонид. Дар дақиқаи 79-уми бозӣ ниммуҳофизатгари «Бавария» - Алфонсо Дэвис корти сурх гирифту тарки майдон намуд. «Бавария» 76 хол ба даст оварда, қабл аз муҳлат Чемпиони Олмон шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив