LIVE

«Барселона» боз имтиёз аз даст дод

Дар даври 32-юми чемпионати Испания “Селта” дар майдонаш «Барселона»-ро истиқбол гирифт.  Дар дақиқаи 20-уми бозӣ Луис Суарес аз партофти Лионел Месси истифода карду ҳисобро кушод. Дар дақиқаи 50-уми дидор ҳамлагари рус  Фёдор Смолов голи дастаи “Селта”-ро ба ҳадаф расонид.  Дар дақиқаи 67-уми бози Суарес  бори дуюм каталониҳоро ба пеш бароварда, дублро марбути номи худ сохт. Дар дақиқаи 88-уми бозӣ Яго Аспас голи дуюми соҳибони майдонро зада, таносубро баробар сохт. Дар ин давр “Реал” дар сафар бо “Эспанйол” бозӣ меунад ва дар сурати ғалаба кардан бо тафовути ду хол мадридиҳо дар ҷадвал аз “Барселона” пеш мегузарад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив