LIVE

Голи ҳамлагари рус ба дарвозаи "Реал"

Дар даври 24-уми Чемпионати Испания бошгоҳи “Реал Мадрид” дар варзишгоҳи Сантяго Бернабеу тими  “Селта”- ро ба ҳузур пазируфт. Дар ин нерусанҷӣ ҳисоб 2 бар 2 мусовӣ шуд. Дар дақиқаи 7-уми бозӣ ҳамлавари тими “Селта” - Фёдор Смолов ба задани гол даст ёфта, ҳисобро кушод. Дар дақиқаи 52-юми қисми дуюм Тонни Кроос ҳисобро баробар намуд. Сарвони бошгоҳи шоҳона - Серхио Рамос аз ҷаримаи 11 метра пешсафии дастаашро таъмин намуд. Пеш аз анҷоми рақобат бозигари тими “Селта” - Санти Мина ба задани гол даст ёфта, мусовии тимашро таъмин сохт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив