LIVE

Ҳамлагари мунтахаби Россия ба Чемпионати Испания рафт

Ҳамлагари   дастаи «Локомотив» - Фёдор Смолов ба тими испании «Селта» гузариш намуд. Ҳамлагари рус  то ба охири мавсим дар дастаи наваш ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Дар қарордоди  «Локомотив»  ва «Селта» банди  дигар низ мавҷуд аст, ки бошгоҳи испанӣ вазифадор аст, ки дар мавсими оянда Фёдор Смоловро харидорӣ намояд.  Дар мавсими ҷорӣ Смолов дар 14 бозӣ бо пироҳани роҳи оҳанчиён дар Премйер-Лигаи Россия майдондорӣ намуда, ба задани 3 гол ва 3 партофти головар даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив