LIVE

«Милан» аз харидории футболбози рус даст кашид

Дастаи итолиёвии «Милан» аз харидории нимҳимоятгари «Локомотив» Алексей Миранчук даст кашидааст.

Ба иттиллои "Calciomercato", бозингари 24 солаи тими мунтахаби Россия ба бошгоҳи итолиёвӣ пешниҳод шуд, аммо директори варзишии дастаи «Милан» Звонимир Бобан диққати хешро ба омӯзиши вариантҳои дигар мутамарказ намуд. Бо ҳамин, метавон гуфт, ки тими миланӣ аз хизматрасониҳои ин нимҳимоятгари бошгоҳи «Локомотив» даст мекашад.

Эҳтимолан, роҳбарияти «Милан»-ро арзиши гарони Миранчук (16 млн. евро) дар бозори трансферӣ зери шубҳа мондааст.

  • Қаблан хабар дода мешуд, ки нисбати бозингари номбурда тимҳои «Ювентус» ва «Интер» мароқ зоҳир карда буданд.
  • Дар мавсими ҷорӣ нимҳимоятгар 5 гол ва 4 партофти головар аз 15 бозӣ Чемпионати Россия дар омори инфиродиаш сабт намудааст.
  • «Милан» бошад, пас аз 14 даври Серияи А-и 2019/20 дар зинаи 11-ум қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив