LIVE

“Барселона” дар 8 дақиқа “Севиля”-ро тору мор кард

Бозии марказии даври 8-уми Ла Лига бо иштироки тимҳои “Барселона” ва “Севиля” дар варзишгоҳи “Камп Ноу” сурат гирифта, бо ҳисоби 4-0 ба суди мизбонон хотима ёфт. 
“Севиля”, ки барои нишон додани бозии кушод ташриф овард дар 25 дақиқаи аввали дидор бартар аз “нилунориҳо” майдондорӣ кард. Люк де Йонг ва ҳамсафонаш ду ё се имконияти олиро барои рахна кардани дарвозаи тер Стеген истифода накарданд. Дар бозии “Барселона” замоне гардиш ба вуҷуд омад, ки Суарес ирсоли Семедуро истифода карда, бо зарбаи пуштнокӣ ба дарвозаи Севиля тӯбро ҷо кард. То он лаҳзае, ки меҳмонон ба худ омаданд Артур Рамос бо ду паси голӣ ба Видал ва Дембеле тақдири бозиро ҳаллу фасл намуд. “Севиля” даступо хӯрда менамуд, аммо таслим нашуд. Баъд аз танаффус Лопетеги ду тағйирот кард, аммо аз он ҳеҷ нафъе набардошт. Люк аз имконоти худ боз ҳам истифода накард, зарбаи ӯ ба сутуни дарвоза расид. Дарвозабон Томаш Ватслик бо сейвҳои худ андалусиҳоро аз сар додани голҳои навбатӣ нигоҳ медошт. Аммо дар дақиқаи 78-ум ӯ низ тоби муқовимат нишон додан бо зарбаи Мессиро надошт. Бозигари аргентинӣ аз масофиаи 22м зарбаро иҷро карда, ҳисоби голҳои худро дар мавсим кушод.  Вале ҷаззобияти бозӣ бо ин хотима наёфт. Сарвони мунтахаби ҷавонони Уругвай Роланд Араухо, ки ба ҷойи Тодибо ба майдон омад Хавйер Эрнандесро аз по дароваду бо ҷурми ин қоидаситезӣ корти сурх гирфт ва ҳини аз майдон баромадан Дембелеро бо худ бард. Усмон бо сабабҳои номаълум ба Матеу Лаос довари марказ хост чизеро фаҳмонад, вале бо гирифтани корти сурхи мустақим бозибадар шуд. “Барселона” нуҳнафара дахлнопазирии дарвозаашро нигоҳ дошт. 
Чанд нуктаи муҳими бозӣ:

  • Марк Андре тер Сетеген 200-умин бозии расмии худро доир кард;
  • Луис Суарес дар се бозии охир 4 гол зад;
  • Нахустин голи Усмон Дембела дар 7 моҳи охир;
  • Сарвони мунтахаби ҷавонони Уругвай Роланд Араухо нахустин бозиашро доир кард. Ӯ давоми 10 соли охир ягона бозигарест, ки пас аз баромадан аз ҳайати эҳтиётӣ аз майдон хориҷ мегардад;
  • Лео Месси нахстин голи хешро дар мавсим ба ҳадаф расонид. Ӯ ягона бозигарест, ки дар 16 мавсими Ла Лига пайиҳам гол мезанад;
  • Усмон Дембеле бо сабаби корти сурх гирифтанаш мумкин аст дар “Эл Класико” иштирок накунад;
  • Голи мазкур барои бозигари аргентинӣ 100-умин гол бо зарбаҳои аз масофаи дур ва 43-юмин гол аз зарбаҳои ҷаримавӣ ба ҳисоб меравад;
  • Лопетеги ду бозии охирро бо ҳисоби 1-9 дар “Камп Ноу” мебозад. Соли гузашта “Реал”-и ӯ ин ҷо 5-1 тору мор гардид;
  • “Барселона” дар 4 бозии охир бо ҳисоби умумии 10-2 зафар ёфт. Баъд аз ин ғалаба “нилунориҳо” ба зинаи дуюми ҷадвал баромаданд. Фарқият байни “каталониҳо” ва “Реал” Мадрид 2 имтиёзро ташкил мекунад; 
“Барселона” – “Севиля” 4:0 (3:0, 1:0)
Голҳо: 1:0 – 27 Суарес, 2:0 – 32 Видал, 3:0 – 35 Дембеле, 4:0 – 78 Месси.
“Барселона” – тер Стеген, Серджи Роберто, Тодибо (Араухо, 73), Пике, Семеду, Видал (Ракитич, 70), де Йонг, Артур (Бускетс, 65), Месси, Суарес, Дембеле.
“Севиля” –        Ватслик, Навас, Диего Карлос, Каррису, Регилон, Банега, Фернандо, Оливер Торрес (Жордан, 46), Окампос, де Йонг (Эрнандес, 65), Нолито (Мунир, 46).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив