LIVE

Дубли Маҳрез ва Фоден ба “Ман Сити” ғалаба овард

Дар доираи бозиҳои даври 30-юми Чемпионати Англия дастаи “Ман Сити” дар варзишгоҳи Иттиҳод тими “Бёрнли”-ро пазируфт. Ҳисоб дар дақиқаи 22-юми дидор аз ҷониби Филип Фоден боз карда шуд. Дар дақиқаи 43-юми бозӣ Рияд Маҳрез бартарии дастаашро дучанд сохт. Бо гузашти 6 дақиқаи дигар Маҳрез зарбаи ҷаримавии 11 метраро иҷро карда, бо муваффақият вориди тӯри дарвозаи ҳарифон сохт. Дар дақиқаи 51-уми нимаи дуюми бозӣ Давид Силва низ хати дарвозаи “Бёрнли”-ро бо зарбаи ҳадафрасаш шикаст. Голи охирини рақобатро дар дақиқаи 63-юм боз ҳам футболбози ҷавони шаҳриҳо - Филип Фоден марбути номи худ сохт. Ҳамин тавр, бозӣ бо ҳисоби 5 бар 0 ба суди шогирдони Пеп Гвардиола хатм шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив