LIVE

Голи Месси "Барса"-ро ба зинаи аввали Ла-Лига баровард

Дар даври 27-уми Ла Лигаи Испания дастаи "Барселона" бо бошгоҳи "Реал Сосейдад" рақобат намуд. Бозӣ дар варзишгоҳи "Камп Ноу" доир гардида, бо ҳисоби 1:0 ба нафъи соҳибони майдон ба анҷом расид.
Голи ягонаи бозиро ҳамлагари соҳибони майдон - Месси дар дақиқаи 81-ум аз пеналти ба ҳадаф расонид. Дар таърихи Ла Лига ин 55-умин голи Месси аз зарбаи пеналти ба ҳисоб меравад, ки бо ин гол Лео ба зинаи 3-юми нишонзанҳо баромад. Дар ҷои дуюм бозингари бошгоҳи "Атлетико" - Уго Санчес 56 голро аз пеналти ба самар расонидааст, қарор дорад. Криштиан Роналду собиқ форварди бошгоҳи "Реал Мадрид" бо 61 гол садрнишин маҳсуб меёбад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив