LIVE

«Барселона» шикаст хурд: Эл Класико намешавад

Бозии дуюми даври нимниҳоии Суперҷоми Испания миёни дастаҳои футболи «Атлетико» ва «Барселона»  сурат гирифт.  Рақобати дастаҳо дар шаҳри Ҷидаи Арабистони Саудӣ баргузор гардида, бо ҳисоби 2 бар 3 ба суди бошгоҳи мадридӣ хамт гардид. Ниммуҳофизатгар Коке «Атлетико»-ро бо зарбаи ҳадафраси худ ба пеш баровард.  Бо гузора шудани 5 дақиқаи дигар Лионел Месси  голи «Барселона»-ро зада, таносубро баробар сохт. Ҳамлагари фаронсавии каталониҳо  Антуан Гризманн ба задани гол даст ёфт. Дар дақиқаҳои охири рақобат Алваро Мората аз пеналти ҳисобро 2 бар 2 сохт ва  Анхел Корреа голи тақдирсози ин дидорро ба ҳадаф расонид.  Ҳамакнун дар дидори финалии Суперҷоми Испания «Атлетико» бо «Реал» рақобат мекунад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив