LIVE

"Ливерпул" унвони қаҳрамониро ҳимоя карда натавонист

Дар бозии даври 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳо дастаҳои “Ливерпул” ва “Атлетико” рақобати шадид нишон доданд. Набарди тимҳо дар варзишгоҳи “Энфилд”-и Ливерпул доир шуда, бо ҳисоби 2:3 ба нафъи “Атлетико” хотима ёфт. Ёдовар мешавем, ки бозии аввали дастаҳо дар Испания бо ҳисоби 1:0 ба суди шогирдони Симеоне хотима ёфта буд. Ҳисобро дар дақиқаи 43-юми пайти аввал Жоржинйо Вейналдум боз намуд.  Вақти асосии бозӣ бо ҳамин натиҷа пушти сар шуд. Чун дар бозии аввал шогирдони Диего Симеоне бо ҳисоби 1 бар 0 пирӯз гардида буданд, аз ҳамин рӯ   барои муаян намудани ғолиб ду қисми 15 дақиқагии иловагӣ ба истилоҳ экстратайм таъин шуд. Дар дақиқаи 93-юм Роберто Фирмино ҳисобро 2 бар 0 намуд. Аммо дар идома мадридиҳо ба задани 3 гол даст ёфтанд.  Лйоренте дубл намуд ва Мората низ муалифи гол гардид. “Энфилд” бо мухлисони муъҷизавиаш, ки борҳо “Ливерпул”-ро наҷот мебахшид, ин маротиба бар муқобили дастаи Атлетико кораш омад накард, ва ба ҳайси қаҳрамони кунунӣ натавонист ба марҳилаи ¼ ниҳоӣ барояд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив